Нашри 10. Агар волидон фаҳманд, ки фарзанди онҳо бо хушунати ҷинсӣ дучор шудааст, волидон бояд чӣ кор кунанд?
Дар нашри хотимавӣ подкасти Неруи Волидон мо дар якҷоягӣ бо Гулчеҳра Раҳмонова, директори Фонди Чамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқии» кӯшиш кардем фаҳмем, ки агар волидайн аз хушунати ҷинсӣ ранҷидани кӯдак хабардор шаванд бояд чӣ кор кунанд. Дар ин шумора, инчунин Шоира Юсупова, яке аз аъзоҳои Гурӯҳи ташаббускори “Чатри Норинҷӣ”, нақл кард, ки чӣ гуна духтари 11-солаашро, ки дар бозор бо бадахлоқии ҷинсӣ дучор шуд, ҳимоят кард.
Нашри 9. Ва боз ҳам дар бораи таҷовузи ҷинсӣ нисбат ба кӯдакон
Дар нашри 9 мо тасмим гирифтем дар бораи чӣ тавр метавонанд волидайн ҳолати бо кӯдак рух додани зӯроварии ҷинсиро фаҳманд, гап занем. Бо истифода аз маводҳои платформаи русиягии "Тебе поверят (Ба ту бовар мекунанд)" бо кӯшиш мекунем ба волидон фаҳмонем, ки бо кадом роҳҳо онҳо метавонанд дарк кунанд, ки бо кӯдаки онҳо чизе ғайричашмдошт рух медиҳад, аз ҷумла зӯроварӣ ё ётаҷовузи ҷинсӣ. Барои чӣ кӯдак оид ба ин ҳолатҳо хомӯш меистад. Волидайн бояд чӣ кор кунанд, вақте дар бораи ин ҳолати номатлуб мефаҳманд? Дар ин нашр, мо ба ин ва дигар суолҳо ҷавоб хоҳем дод.
Нашри 8. Нақши падар дар тарбияи фарзанд, алахусус духтарон
Дар ин шумора, якҷоя бо Орзу Исоев, рӯзноманигори маъруф, шоир ва таронанависи машҳури тоҷик, падари се фарзанд: Таманнои 18 сола, Довуд ва Анушервони 15 ва 13 сола, масъалаҳои гуногунро муҳокима кардем. Орзу оид ба тарбияи фарзандон, алахусус дар бораи нақши ӯ ҳамчун падар дар тарбияи духтараш ба мо гуфт, ки арзандаи шунидан аст.
Выпуск 7. Говорить о половом воспитании с детьми или бояться?
Эта запись седьмого выпуска нашего подкаста, который был приурочен к Дню защиты детей 1 июня. Седьмой выпуск подкаста записан в открытой записи и на русском языке. Мы решили записать его на русском, чтобы обобщить информацию, о которой мы говорили в других выпусках подкаста на таджикском языке. Вместе с известным психологом Фирузой Мирзоевой в этой открытой записи мы обсудили важность и содержание полового воспитания, роль родителей в половом воспитании детей, как им побороть свой страх и стыд, а также ответили на вопросы из чата. Свои комментарии и отзывы к данному выпуску Вы можете оставить на наших страницах в Фейсбук и Инстаграм. А также, Вы можете оставить свои вопросы и предложения по темам, которые были бы Вам интересны.
Нашри 6. Сайберозорӣ ё таҷовузи шаҳвонии онлайнӣ? Оё роҳи ҳал - манъ кардани истифодаи интернет аст? Волидон бояд чӣ кор кунанд?
Сайберозорӣ ё хушунати онлайнӣ? Таҷовузи шаҳвонии онлайнӣ? Оё роҳи ҳал - манъ кардани истифодаи интернет аст? Волидон бояд чӣ кор кунанд? Биёед инро якҷоя дар бахши шашуми подкасти “Нерӯи волидон” муайян мекунем! Фариштамох Гулова, мутахассиси соҳаи IT (навовариҳои муосир) дар нашри навбатии подкасти “Нерӯи волидон” ба мову шумо мефаҳмонад, ки сайберозорӣ, хушунати онлайнӣ ё таҷовузи онлайнӣ чисту чаро манъ кардани истифодаи Интернет роҳи ҳалли ин мушкилот шуда наметавонад. Мисли ҳарвақта, мо маслиҳатҳои бехатарро дар ин самт бароятон пешкаш мекунем, ки ҳар як волид метавонад барои пешгирии таҷовузи шаҳвонии онлайнӣ истифода барад.